Санади шумораи 58 Санади шумораи 59

Download Report

Transcript Санади шумораи 58 Санади шумораи 59

Ба номи Худо
Пажӯҳише дар мариди ҳадиси маъруф ва машҳури
(МАН КУНТУ МАВЛОҲУ ФААЛИЙЯН МАВЛОҲ)
ҲАР КАС МАН МАВЛОИ Ӯ ҲАСТАМ ИН АЛӢ МАВЛОИ
ӮСТ
Ҳамроҳи 110 скан аз кутуби мӯътабар ва машҳураи аҳли
суннат
Сайти ҷаҳонии суннат
www.tj.sonnat.net
Бахши аввал
Ба хотири тавотури аҳодис ва зиёдии
матнҳо мо фақат як қисмат аз матнро ки
ҳамаи муҳаддисин ва муфасиирин ва
муваррихин иттифоқи қавл дорандро зикр
мекунем:
Аз хутбаҳои Расули гиромии Ислом(с)
хутбаи он Ҳазрат ба иттифоқи ҳамаи
мусалмонон дар Ҳаҷҷатулвадоъ дар рӯзи
иди Ғадири Хум аст, ки дар он фармуд:
Ҳаркас ман мавло ва сарпарасти ӯ ҳастам
Алӣ мавло ва сарпарасти ӯст.
1576 санад дар ҷустуҷӯи АЛМАКТАБАТУЛ ШОМИЛА
• Бахши дуввум
• Ҳадиси Сиқлайн ва Ғадир дар канори ҳам аз забони
Пайғамбар дар рӯзи Ғадири Хум
• Расули Худо(с) замоне ки ба эроди хутба пардохтанд, пас
аз ҳамду санои илоҳӣ хитоб ба мардум фармуданд: Ҳеҷ
пайғамбаре мабъус намешавад, магар онки ниме аз
миқдори зиндагии пайғамбари пешини худро ӯҳдадор
мешавад, тӯле намекашад даъвати илоҳиро иҷобат
мекунам ва ду асари гаронбаҳо (гаронқимат) дар миёни
шумо ба ҷой мегузора, ки агар аз онон пайравӣ намоед,
ҳаргиз ба гумроҳӣ гирифтор нахоҳед шуд: аввалаш
китоби Худост ва дигаре итрати ман. Сипас дасти Алӣ(а)ро гирифту хитоб ба мардум гуфт: Эй мардум! Чӣ касе аз
ҷону моли шумо аз худи шумо сазовортар аст? Гуфтанд:
Худо ва Расули Худо донотару авлотар ба ҷону мол аст,
онгоҳ фармуд:
• Бар ҳар касе ман вилоят дорам, Алӣ низ мавлои ӯст
• Бахши севвум
• Истидлоли ҳазрати Алӣ(а) ба ҳадиси Ғадир
• Ҳазрати Алӣ(а) дар Руҳба ҳозиронро савганд
дод, ки ҳар кас дар рӯзи Ғадири Хум сухане
дар ҳаққи ман аз Расули Худо(с) шунидааст аз
ҷо бархезад. Дар ин ҳангом панҷ нафар ва ё
шаш нафар бархостанд ва гувоҳӣ доданд, ки
онон дар он рӯз аз Расули Худо(с) дар
маҳалли Ғадир шуниданд, хитоб ба мардум
фармуд:
• ҲАР КАС МАН МАВЛОИ Ӯ ҲАСТАМ ИН
АЛӢ НИЗ МАВЛОИ ӮСТ
• Бахши чаҳорум
• Истидлоли ҳазрати Заҳро(с) ба ҳадиси Ғадир
• Ҳазрати Заҳро(с) фармуданд: Оё фаромӯш
кардаед фармоиши Расули Худоро дар
Ғадири Хум, ки фармуд:
• Касе ки ман мавлои ӯ ҳастам Алӣ мавлои
ӯст,
• Ва низ ин фармоиши Расули Худо ба Алӣ ки
фармуд:
• Ту барои ман ба манзалаи Ҳорун нисбат ба
Мусо ҳастӣ?
• Бахши панҷум
• Эътирофи сареҳ ба имомати ҳазрати Алӣ дар
ҳадиси Ғадир
• Агар бино буд ҷонишин баргузинам ҳеҷ кас
сазовортар аз ту ба хотири пешгомиат дар
Ислом ва наздик будан ба Пайғамбари Худо
ва домоди Ӯ будан нест) менависад:
• Ин ҳадис агарчи аз зоҳири он бармеояд, ки Расули
Худо ҷонишин таъин накард, вале ҳадиси Ғадири
Хум далел бар таини сарпараст аст, ки ҳамон
ҷонишинии Расули Худо аст. Бинобар ин ҳадиси
Ғадири Хум носихи ҳадиси қабл мешавад; чун ҳадиси
Ғадир дар охири умри мубораки Расулуллоҳ эрод
шуда ва мутааххар аст.
• Бахши шашум
• Эътирофи уламои аҳли суннат ба сиҳҳати ҳадиси Ғадир
• Дар ин бахш уламои аҳли суннат эътироф ба дурусти ҳадисӣ аз ҳар
ҷиҳат ба хусус аз лиҳози риҷол кардаанд.
• Бахши ҳафтум
• Эътирофи уламои аҳли суннат дар мавриди риҷоли
ҳадиси Ғадир
• Муҳаммадносири Албонӣ ва бақия гӯянд:
• Ҳадиси Ғадир санадҳои бисёре зикр шудааст, ки афроди
зиёде монанди Ҳайсамӣ дар китобаш Алмуҷаммаъ
аснодаи онро зикр кардаанд ва ман ончи овардаам андаке
аз он аст, ки ҳар касе пас аз ошноӣ бо аснадои он яқин ба
сиҳҳат пайдо мекунад. Ибни Уқда ҳамаи роҳҳои нақли
онро дар китоби мустақилле ҷамъ кардааст ва Ибни Ҳаҷар
бино бар баъзе аз аснод онро саҳеҳ ва бар баъзе аз аснод
ҳасан донистааст.
• Хулосаи сухан онки ҳар ду қисмати ин ривоят
• МАН КУНТУ МАВЛОҲ ФААЛИЙЮН МАВЛОҲ,
АЛЛОҲУММА ВОЛИ МАН ВОЛОҲ
• Саҳеҳ ҳастанд, балки қисмати аввали он ба сурати
мутавотир аз Расули Худо(с) нақл шудааст....
• Бахши ҳаштум
• Манъони “МАВЛО” ба маънои “АВЛО”
аз дидгоҳи аҳли луғат
• Мавло ба маънои авло аст ва ин
фармоиши Худованд:
• АЛНОРУ ҲИЯ МАВЛОКУМ, яъне оташ
авло аст барои шумо.
• Дар шеъри Лубайд ҳам ба маънои авло
омадааст:
• Ду гурӯҳи мутахосим гумон бурданд,
ки тарсноктару сазовортар барои тарсу
ваҳшат пушти сар ва рӯ ба рӯ аст
• Бахши нуҳум
• Маънои “МАВЛО” ба маънои “АВЛО” аз
дидгоҳи аҳли муфассирин
• Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ дар тафсири
сураи Ҳадид менависад:
• Бобу тафсири суратил ҳадид қола муҷоҳид..
“мавлокум” авло бикум.
• Муҷоҳид гуфтааст: (мавлокум) ба маънои (авло)
ва бартар ба шумо аст.
• Бахши даҳум
• Маънои вожаи “ВАЛӢ” дар фарҳанги хулафо
• Муттақии Ҳиндӣ гӯяд: Худованд Муҳаммадро
пайғамбар ва сарпарасту пешвои мӯъминон
қарор дод ва ба вуҷуди Ӯ бар мо миннат гузошт,
то он ки Ӯро назди худаш хонд, мардумро озод
гузошт то худашон бар асоси маслиҳатҳо пешво
баргузинанд. Пас маро ба сарпарастӣ
баргузиданд, бо ёрии Худо на аз чизе метарсам ва
на саргардонӣ эҳсос мекунам.
• Бахши ёздаҳум
• Табрик ва таҳнияти мардум ба ҳазрати Алӣ(а) дар
Ғадир
• Ибни Асокир гӯяд: Барроъ бин Озиб мегӯяд: Дар
Ҳаҷҷатулвадоъ ҳамроҳи Расули Худо будем, зери
дарахтҳоро тамиз карданд, фармони иқомаи намози
ҷамоат содир шуд. Сипас Расули Худо(с) дасти Алиро
гирифт ва самти росташ қарор доду фармуд: Оё ман
нисбат ба мӯъминон аз ҷони онон ба худашон бартар
нестам? Гуфтанд: бале. Фармуд: Оё ҳамсарони ман
модарони шумо нестанд? Гуфтанд: Бале. Фармуд: Ин
Алӣ раҳбар аст ва ман раҳбари Ӯ ҳастам. Худовандо
дӯст бидор касеро ки Алиро дӯст бидорад ва душман
бидор душмани Ӯро.
• Умар гуфт: Муборак бошад бар ту эй Алӣ! Ту акнун
мавло ва раҳбари ман ва тамоми мӯъминон ҳастӣ.
• Бахши дувоздаҳум
• Нузули ояи Иблоғ қабл аз қазияи Ғадир
• Абӯсаиди Худрӣ гуфтааст: Ин оя “ЭЙ ПАЙҒАМБАР
ОНЧИЗЕРО КИ АЗ ТАРАФИ ХУДОВАНД БАР ТУ
НОЗИЛ ШУДААСТ ИБЛОҒ КУН” дар Ғадири Хум ва дар
бораи Алӣ ибни Абӯтолиб нозил шудааст.
• Алҳамду лиллоҳи лази ҷаъалано минал
мутамассикина бивилояти амирилмӯъминин вал
аиммати алайҳимус салом
• Алҳамда лиллоҳи лази ҷаъала камола диниҳи ва
тамоми неъматиҳи бивилояти амирилмӯъминин
Алӣ ибни Абӯтолиб алайҳис салом
• Ҳадиси Ғадир бузургтарин ҳуҷҷат ва мустанади
шиаи имомият бар вилояти мутлақаи Алӣ алайҳис
салом аст
• Ба истиноди ҳамин ҳадис аст, ки хилофатро
мӯҳибати илоҳӣ медонанд на, мақоме ки мардум
интихоб кунанд.
• Сайти ҷаҳонии суннат
www.tj.sonnat.net